қарор

қарор
[قرار]
а
1. ором; оромиш, осоиш; қарор надоштан дар ҷое а) ором набудан, собит набудан, дар ҳоли ҷунбиш ва ҳаракат будан; б) ором нагирифтан, дер наистодан дар ҷое; қарор аз касе бурдан орому осоиши касеро барҳам додан, касеро беқарор кардан; қарору оромро аз даст додан орому осоишро гум кардан, беқарору нороҳат шудан; маҷоли қарор наёфтан имкони ором гирифтан наёфтан; фурсати таваққуф наёфтан; орому қарор надоштан ором набудан, дар ҷунбишу ҳаракат будан
2. сабр, тоқат, шикеб; сабру қарор намондан сабру тоқатро гум кардан, таҳаммулу бурдбориро аз даст додан
3. аҳд, қавл, паймон; шарт; қавлу қарор ниг. қавл
4. амр ё тасмиме, ки аз тарафи ҳукумат ё мақоми дигар бароварда шудааст; тасмиме, ки дар натиҷаи муҳокима ва музокираи масъалае қабул карда шудааст, қарордод, қатънома: қарори қатъӣ, қарори маҷлис, қарори ҳукумат, қарори ҳайати мушовараи вазорат, қабули қарор, қарор баровардан, қарор баромадан; қарори суд ниг. ҳукм (-и суд)
5. азм, ирода, қасду ният оид ба коре, ки одам дар натиҷаи андешаву мулоҳиза ба он расидааст; азму қарор қасду нияти қатъӣ; аз қарори худ гаштан аз нияти худ гаштан; қарор гирифтан а) истодан, аз ҳаракат мондан, таваққуф кардан; б) оромидан, осудан, орамидан; в) ҷой гирифтан, сокин шудан, сукунат ихтиёр кардан; г) воқеъ шудан; қарор додан а) ҷой додан, ҷойгир кардан; б) муқаррар кардан, муайян намудан: манбаи даромад қарор додан, тахаллус қарор додан, ҷоеро минбар қарор додан; в) аҳд кардан; мақсад гузоштан; г) тасмим гирифтан; ба қароре омадан; ғ) ҳисоб кардан, шумурдан, донистан: сукутро аломати ризо қарор додан; қарор ёфтан а) ниг. қарор гирифтан; б) муқаррар карда шудан; в) ҳалли худро ёфтан, ҳал шудан; қарор кардан а) ором шудан, истодан; б) ором ёфтан, осудан; в) амр баровардан; г) тасмим гирифтан, ба қароре омадан, ба фикри қатъие омадан; азм кардан; ғ) байъ кардан, киро кардан; қарор шуд, ки… тасмим гирифта шуд, ки…, азм карда шуд, ки…; ба ин қарор ба ин тарз; ба таври зайл, ба тариқи зайл; ба қарори зайл ба тариқе, ки дар поён зикр хоҳад шуд, ба таври зайл; бо (ба) як қарор ба як тартиб; бо як маром, як сон; қарор намондан тобу тавон намондан, аз ҳол рафтан; вазифаи худ қарор додан дар назди худ вазифа гузоштан; кори худ ҳисобидан; дили касе қарор гирифтан дили касе ором гирифтан, хотири касе ҷамъ шудан, хотирҷамъ шудани касе; дили касе қарор надоштан беором (беқарор) будан; маврид (ё маҳалл)-и баҳс қарор додан баҳс кардан дар бораи чизе; мавриди истифода (баҳрабардорӣ) қарор гирифтан истифода карда шудан, истифода бурда шудан аз чизе; тӯъмаи оташ қарор додан оташ задан ба чизе, сӯзондан чизеро; ҳақ (ҳақиқат) дар (ба) ҷои худ қарор гирифтан ҳақиқат барқарор шудан, ба субут расидан ва ғалаба кардани ҳақиқат; ба худ қарор додан қасди иҷрои кореро кардан; дар пеши худ вазифа гузоштан; ба як қарор омадан тасмим гирифтан; дар бораи чизе ё коре фикр карда, ба хулосае омадан; ба як фикр (-и қатъӣ) омадан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Полезное


Смотреть что такое "қарор" в других словарях:

  • қарорӣ — [قراري] 1. он ки аз хизмати касе бо шарту шароити муайяне истифода мебарад; мизоҷ 2. муздур, ятим; қарории дари касе он ки барои анҷоми хизмати даргоҳе нигоҳ дошта мешавад; хизматгори хонаи касе; қарорӣ кардан касеро ба муддате ва музде киро… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барқарор — [برقرار] пойдор, устувор, побарҷо, барпо; барқарор будан а) пойдор будан, устувор будан; б) ҳукмфармо будан; барқарор кардан // барқарор намудан а) барпо намудан; ташкил кардан, таъсис намудан; б) аз нав ба вуҷуд овардан; барқарор мондан пойдор… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беқарор — [بي قرار] 1. ноором, ҳамеша дар ҳаракату ҷунбиш: рӯди беқарор, мавҷи беқарор 2. музтариб, ба изтироб афтода, бетоқату беором: ошиқи беқарор, дили беқарор; беқарор кардан, беқарор шудан 3. ниг. беқаророна …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • барқарорӣ — [برقراري] барқарор будан; устуворӣ, пойдорӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беқарорӣ — [بي قراري] 1. беқарор будан, ором надоштан 2. бетоқатӣ, бесабрӣ, бесаранҷомӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • рӯзқарор — [روزقرار] ниг. рӯзбайъ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • афтодан — (афтидан) [افتادن // افتيدن] 1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан 2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.) 3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан 4. рехтан, боридан 5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ором — [آرام] 1. сокит, хомӯш, осуда, бе сару садо, сокин 2. сукун, субот, қарор, тоқат 3. оҳиста, ҳамвор, ба як қарор; муқоб. шитоб 4. батааннӣ, батамкин, вазнин; хоби ором хоби роҳат, хоби осуда ва беташвиш, хоби бароҳат; ором будан а) сокит будан,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»